Навгонӣ
15 Март 2018
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Мо ба ин сафар аҳамияти калон медиҳем.
Мо натиҷаҳои онро бисёр мусбат ва самарабахш меҳисобем.
Ҷонибҳо як қатор ҳуҷчатҳои дуҷонибаи тақозои замонро, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи мутақобилаи моро мукаммалтар сохтанд, ба имзо расониданд.
Онҳо имкон медиҳанд, ки сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи мо дар сиғаи стратегӣ густариш дода шавад.
Соли равон ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои мо бисту панҷ сол пур шуд.
Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо таҷрибаи бузурги ҳамкории созандаро дар шароити нави соҳибистиқлолӣ ба даст оварданд.Муфассал... Шарҳ додан