Навгонӣ

Шаҳло Олимҷонова – ғолиби озмуни «Мураббии моҳир»Тибқи фармоиши шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №40 байни мураббиён озмуни «Мураббии моҳир» баргузор гардид.

Дар озмун даҳ нафар мураббиёни гуруҳҳои синнусолӣ: М. Абдуллоева, М. Аъзамова, Н. Зоидова, Г. Раҳмонова, Ш. Олимҷонова, М. Ҳомидова, Б. Ҳайдарова, С. Муъминова, Ш. Ҷалолова, Ю. Юсупова ширкат варзида, донишу истеъдод ва маҳорати хешро аз рӯи шартҳои: ҳисоботи эҷодӣ, маводи дастисохти таълимӣ, санҷиши тестӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ ё хӯриш ва лаҳзаи мусиқӣ намоиш доданд.

Ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян карданд. Дар натиҷа ғолибият насиби Шаҳло Олимҷонова, мураббияи кӯдакистони №40 гардид. Мақоми дуюм ва сеюмро Юлдуз Юсупова ва Шаҳноза Ҷалилова мушарраф гаштанд.

Ҳадяҳои наврӯзии Раиси вилояти СуғдНишасти 160  маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар ҳузури бештар аз дусад нафар дӯстдорони каломи бадеъ бо иштироки олимону адибони номвари кишвар  дар арафаи Наврӯзи дилафрӯз дар толори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида ҳозиринро бо Наврӯз муборакбод гуфт ва иттилоъ дод,ки ин нишаст ба ду воқеаи фараҳбахш яке фарорасии Баҳору Наврӯз дигаре ба  солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст

Сипас табрикоти наврӯзии Раиси вилоят Раҷҷаббой Аҳмадзодаро ба унвони олимону адибон,устодону шогирдони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Тоҷибой Султонзода ироа намуд. Тоҷибой Султонзода дар ҳузури ҳозирин ба ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода, барои китобхонаи донишгоҳ ҳадяи идонаи Раиси вилояти Суғд - силсилаи китобҳои таърихӣ,адабӣ ва илмиро эҳдо намуд.

alt15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Барои ширкат дар ин ҳамоиш Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Парлумони Туркманистон Оқҷа Нурбердиева дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд.

Меҳмононро Сарвари кишвари мизбон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт. Дар толори Қасри “Оқ Орда” дар ҳошияи кори ҳамоиш маросими аксбардории сарони давлатҳо баргузор шуд.

Шоҳҷойиза ва ғолибиятҳои дигари  хонандагони Хуҷанд дар МисрДар Олимпиадаи байналхалқии арифметикаи зеҳнӣ, ки дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб доир шуд, хонандаи литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд  Мафтуна Муродуллоева соҳиби шоҳҷоиза шуд.

Ин олимпиада рӯзи 7-уми март бо иштироки 300 арифметикони навраси 5-14 сола аз 9 кишвари дунё доир гардид. Тоҷикистонро ҳашт нафар наврас аз шаҳри Хуҷанд дар олимпиада муаррифӣ карда, як нафар бо шоҳҷоиза ва дигарон бо мақомҳои гуногун ба Ватан баргаштанд.

Ҳамин тавр, ду хонандагони синфҳои 8-и дигари литсейи физикӣ - математикии №1-и шаҳри Хуҷанд  Сабрина Зиёбоева ва Ҷаҳонгир Усмонов дар ин олимпиада иштирок намуда Сабрина мақоми аввал ва Ҷаҳонгир ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.

alt5 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони баруманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи ҳимоятгари Ватан гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳӣ карданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...