Навгонӣ

alt9 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии бемайлони сатҳи ҳамкории судманди ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро баҳри густариши минбаъдаи равобит иброз доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, рушди муносиботи ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ ва пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохториро ҳамчун омили таконбахши тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва таъмини амнияту суботи минтақа арзёбӣ карданд.

alt9 июни соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем.

Президенти мамлакат ҳамкории зич ва пайвастаи хадамоти амниятии Тоҷикистону Афғонистонро дар самти муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин пурзур кардани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, зарур шумурданд.

alt9 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию  минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

alt9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот карда, самтҳои асосии муносибатҳои шарикию стратегии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкории байни давлатҳо баҳои баланд дода, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таъмиқ ва густариши он иброз доштанд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ ба таъмини амнияти минтақавӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаб дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро аз самтҳои афзалиятноку муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русия маънидод намуданд.

alt9 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Чиндао меҳмони олимақом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...