11 Июн 2018
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар ҳамкорӣ бо занони фаъолу мақомоти дахлдор дар минтақаи бозори «Панҷшанбе», маркази савдои “Абдулазиз”, “Шарқ”, “ Тоҷир”, “Афросиёб”-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати эҳтироми либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои қадимаи миллии мо, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги либоспӯшии ғайр пешгирии шомилшавии занону духтарон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мутаасифона гуруҳе аз ҷавонону занон ғарбпарасту туркпараст ва хусусан арабпараст гардида, арҷгузорӣ ба либоси миллиро ба кӯйи фаромӯшӣ ниҳодаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои қадима мардуми мо либоси зебои духтаронаю занона дошта ҳеҷ гоҳ сиёҳпуш набуданд, ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ набуд.