Навгонӣ
18 Феврал 2019
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии экстремизму терроризм дар байни ноболиғону ҷавонон бо иштироки масъулини дахлдор мулоқот баргузор гардид.
Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд вохӯриро ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки тадбири мазкур тибқи нақшаи муштараки Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифта, ба вохӯрии имрўза оид ба вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, экстремизму терроризм, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, хонандагону омўзгорони муассиса мубодилаи афкор сурат мегирад.