Навгонӣ
11 Июнь 2018
Недоступен ни однин перевод.
10 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ин навбат дар ҳайати 8 кишвари аъзо - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.
Дар макони баргузории ҷаласа Маркази ҳамоишҳои байналмилалии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.Читать полностью