Навгонӣ
24 Ноябрь 2018
Имрӯз истифодаи истилоҳи «фейк» мӯд шудааст. Баъзе ба маъниаш сарфаҳм меравад, дигаре намедонад. Ҳамин дирӯз буд, ки як дӯсти донишгоҳиамро сари роҳ дидам ва дарҳол аз ман пурсид, ки «фейк» чист? Ҳамоно ба ҷои посух пурсидамаш, ки дар куҷо хондӣ?
- Гуфт: дар мақолае дар интернет. Пай бурдам, ки туҳматномаи навбатии Кӯри Юнусро хондааст ва ҷавоб додам:
- «Фейк» асосан тахаллуси дурӯғини муаллифи мақола, навиштор, матлабро мегӯянд. Вале фарохтар аз он, агар ба умқи масъала равем, инсонҳоеро дармеёбем, ки худашон дар ҳаёт «фейк»-анд. Масалан, худи Кӯри Юнус. Кист ӯ?
Шахсе, ки мазҳаби аҷдодиашро фурӯхту шиа шуд.
Зани ҳалолу муштипарашро даст ба даст карду кушт, яъне беномус шуд.
Ватану миллати худро фурӯхт, яъне ватанфурӯш шуду асолатбохта.