11 Май 2023
Субҳи имрўз таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳузури муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва раисони маҳаллаҳо машварати васеъ баргузор гардид.
Нахуст масоили марбут ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар чор моҳи соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд.
Дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида шуда, дар натиҷа чор моҳи аввали соли 2023 бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ карда шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба зиёда 500 миллион сомонӣ баробар гашт Даар ин давра 26 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 234 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта зиёда аз 160 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Шаҳрдор аз рўйи масъалаи мазкур ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа аз масъулин пурсиш ба амал оварда, эшонро вазифагузорӣ намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои оид ба бунёд ва ҳолати майдончаҳои варзишӣ дар шаҳр, рафти иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҳолати сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна дар маҳаллаҳои шаҳр ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар анҷоми машварати корӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ҷалб намуда, ҷиҳати боз ҳама зебову хуррам намудани шаҳр, тақвияти корҳои ободонию созандагиро ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо заҳмати содиқонаву аҳлона ва саъю кўшиши ташаббускоронаи ҳар як сокини шаҳр даъват намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд