08 Сентябр 2014
![Ба шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд мукофотпулии Президенти Тоҷикистон супорида шуд. Ба шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд мукофотпулии Президенти Тоҷикистон супорида шуд.](/images/thumbnails/images/stories/navgoni/img_09.14/21_400x267-200x134.jpg)
Аз ҷумла 14 нафар бо маблағи ҳазор сомонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар 500 сомонӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва ба маблағи 200 сомонӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ шуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷамъомадаро бо ҷашни хотирмон,-23 солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд.
Мукофотпулии сарвари кишварро Муовини аввали Вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Эмин Сангинов ба 14 нафар собиқадорон супорида, орзуҳои нек ва таманнои тансиҳатию хонаободиашон намуд.
![Ба шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд мукофотпулии Президенти Тоҷикистон супорида шуд. Ба шахсони барӯманди шаҳри Хуҷанд мукофотпулии Президенти Тоҷикистон супорида шуд.](/images/thumbnails/images/stories/navgoni/img_09.14/22_400x267-200x134.jpg)
Раиси шаҳри Хуҷанд баъди супоридани кӯмакпулӣ ба 10 нафар шахсони барӯманд, таъкид намуд,ки давлату ҳукумат ҳамеша ба таҷрибаю нерую иродаи шахсони рӯзгордида менамояд. Зеро ҷашнигири санаҳои бузурги миллӣ дар як вақт ба ҷо овардани эҳтироми шахсони барӯманди кишвар аст.