26 Декабр 2018
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Соли нави мелодии 2019 аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Маҳмадӣ Давлатов якчанд нафар куҳансолону камбизоатон ва собиқадорони арсаи меҳнат мавриди аёдат қарор гирифтанд.
Сокинони шаҳри Хуҷанд Инобат Абдушукурова, Дилкашбону Маҳмудова, Марҳабо Ҷалилова, Хайринисо Ёқубова, Рухсат Темурова, Зуҳро Шукурова аз ин таваҷҷуҳ ва хайрхоҳӣ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён сохта, аз ҷумла таъкид доштанд, ки мо бояд ба қадри неъмати бебаҳои давлати озоду соҳибихтиёр, сулҳу суботи сиёсӣ ва сарзамини ободу зебои худ расем ва шукронаи онҳоро ба ҷо орем. Соли 2018 соли бобарор ва ободкориву созандагӣ буд. Умедворем, ки бо азму талошҳои мардуми шарафманди кишвар соли 2019 марҳилаи дигари рушди кишвар хоҳад шуд. Аёдати шахсони бемор, ба дармондагону ниёзмандон ва ашхоси камбизоат хайру эҳсон намудан, ки ба маҳаки асосии фаъолияти роҳбарияти вилояти Суғд қарор гирифтааст, моро боз ҳам рӯҳбаланд менамояд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯз ҳамчунин аз ҷониби муовини аввал, муовинони Раиси шаҳри Хуҷанд ва масъулини Мақомоти ичроияи ҳокимият давлатии шаҳр туҳфаҳои солинавӣ ва кӯмакҳои маводи ниёзи аввалияро, ки ба ашхоси камбизоат аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷудо шуда буд, ба 65 нафар эҳтиёҷмандон дастрас намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд