24 Декабр 2018
Субҳи имрӯз раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Сатториён ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода беш аз 100 нафар тарбиятгирандагони комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобиноро аёдат намуданд.
Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода номаи шодбошии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба муносибати Соли нави мелодӣ ба тарбиягирандагони комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобино расонда, аз ҷумла зикр дошт, ки шумоён ҳамеша дар ғамхории Давлату Ҳукумат қарор доред. Ва ҳеҷ гоҳ худро танҳо ва бемор ҳис нанамоед. Вазифаи мо барқарорсозии саломатӣ ва ҳидоят намудан ба роҳи пурсаодати зиндагист.
Сипас ба тарбиягирандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи рангини аҳли муассиса табъи ҳозиринро болида намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд