10 Август 2018
Субҳи имрӯз аъзои гуруҳи корӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ҷиҳати иҷрои амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз 20 майи соли 2014, бо мақсади ҷавобгў намудани номгузории нуқтаҳои савдою маишӣ ва хизматрасонӣ амалиёти назоратӣ гузарониданд.
Масъулини Комиссияи шаҳрии Хуҷанд оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» минбаъд низ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти кори Комиссия, гурўҳӣ корӣ ва дар сатҳи арзанда амалӣ гаштани муқаррароти қонун кўшиш ба харҷ медиҳанд. Корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд