07 Май 2018
Бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода, сарвари филиали №23 «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Ҳокимшоҳ Бобозода ва кормандону собиқадорони соҳаи бонкдорӣ Маркази хизматрасонии бонкии «Амонатбонк» №24/362 дар шаҳри Хуҷанд баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Раиси Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни сӯҳбат бо кормандони бонк гуфт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъмин намудани рақобат-пазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии дохилию минтақавӣ нақши бонкҳо аҳамияти калидӣ дорад. Барои мо аз ҳама муҳим боварии мардум аст. Зеро бидуни эътимоди қавии омма мо фаъолият бурда наметавонем. Бояд бо мардум муомилаи дуруст намоем, одоби баланди миллии хешро нишон диҳем.Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр дошт, ки воқеан ҳам бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Ин низом дар фаъолияти Бонки давлатии «Амонатбонк» ба хубӣ ба мушоҳида мерасад. Ҷоиз ба зикр аст, ки Бонки давлатии «Амонатбонк» дар ҳама ҳолат ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози кишвар, ки эътимоди мардум ба он зиёд аст, бояд мавқеи устувори худро дошта бошад ва бо ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосиру ифтитоҳи чунин Марказҳои хизматрасон сафи мизоҷони хешро афзун намояд.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази хизматрасонии бонкии давлатии «Амонатбонк» №24/362 дар шаҳри Хуҷанд баъди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтан, барои мизоҷон имконоти нави хизматрасониро муҳайё намудааст. Имрӯз дар ин марказ ба ҷойи 3 нафари қаблии фаъолиятменамуда, аллакай 10 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ бо маоши мувофиқ таъмин гардиданд. Имрӯз ин Марказ имкон дорад, ки хизматрасонии бемайлони хешро ба мизоҷон, алалхусус ба нафақахӯрон роҳандозӣ намуда, ҳамзамон пардохтҳои фаврии бо усули муосир мутобиқшудаи маблағҳои коммуналӣ, андозҳо ва дигар хизматрасониҳоро ба анҷом расонад. Ҳамчунин дар Марказ ҷалби навъҳои гуногуни пасандозҳои шаҳрвандон низ ба назар гирифта, пешниҳоди қарзҳо ба роҳ монда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 12 марказ ва 6 нуқтаҳои хизматрасонии бонки давлатии «Амонатбонк» фаъол гардида, беш аз 60 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд