05 Май 2018
Санаи 8-уми майи соли равон, соати 9:00 дар назди Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватанӣ воқеъ дар минтақаи бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд ҷашни Рӯзи Ғалаба таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии мазкур муваззаф гардидаанд. Интизор меравад, ки тамоми муассисаву корхонаҳои вилоятӣ дар Хуҷанд фаъолиятдошта, бо мақсади арҷгузорӣ ба пояи Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги бузурги Ватанӣ гулчанбаргузорӣ менамоянд.
Дар доираи чорабинии мазкур қабули расмии собиқадорони ҷангу меҳнат аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар тарабхонаи «Азизон» баргузор мегардад.Аз ҷониби шаҳрдор ҳамчунин доир ба гузаронидани корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ дар атрофи майдонҳои нимпайкараи Домулло Азизов (микроноҳияи 32), Боғи Ғалаба (маҳаллаи 18) , муҷассамаи «Зан-модар» дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ (воқеъ дар назди корхонаи саноатии «Текстил-Сити», муҷасаммаи шаҳидони ҶБВ (назди факултети тарбияи ҷисмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ва майдони «Ситораҳои Хуҷанд» дастур дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 7 нафар иштирокчиёни ҶБВ умр ба сар мебаранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд