05 Май 2018
Дар шаҳри Хуҷанд –маркази маъмурии вилояти Суғд баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад.
Дар як фосилаи кeтоҳ шаҳри Хуҷанд ба макони зебову биҳиштосо табдил ёфта, дили ҳар бинандаро тасхир карду теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро афзун намудааст. Дар баробари корҳои ободонию сабзкорӣ роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки иншооти гуногуни таъинот иҷтимоиро дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода супорад. Аз ҷумлаи чунин иншооти ҷашнӣ муассисаи таҳсилоти томактабии №28-и шаҳр мебошад, ки мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтааст, ки айни ҳол дар арафаи анчомёбист.Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар паҳлуи кӯдакистони мазкур сохтмони майдончаи варзишӣ барои сокинони маҳалла низ оғоз гардидааст, ки ин иқдоми ободкорӣ имкон медиҳад, ки он ба як макони истироҳату фароғат барои шаҳрвандон мубаддал гардад.
Албатта, чунин зебоофариву гулафшон ва обод гаштани мавзеъҳои шаҳр ба маданияти шаҳрдорӣ низ вобастагии калон дорад. Мутаасифона бархе шаҳрвандон бо сохтмони мошинсаройҳои ғайриқонунӣ даст зада, бархилофи меъёърҳои шаҳрсозӣ амал менамоянд, ки ҳусни шаҳрро коста намуда истодааст.
Субҳи имрӯз дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони назорати истифодабарии замин, шаҳрсозӣ ва мақомоти қудратӣ барои бартараф намудани иншооти ғайриқонунии сохташуда дар маҳаллаи 34 сафарбар карда шуданд.
Гуруҳи корӣ муайян намуд, ки шаҳрвандон бидуни иҷозаи расмӣ ва дар ҳолати ғайрисанитариву садамаэҷодкун мошинсарой ва дигар амборҳои захиравии хешро бунёд намуда, барои ҳаёти атрофиён хавф эҷод намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза бо ҷалби фаъолон ва раисони гузару маҳаллаҳо чорабиниҳои мухталиф гузаронида шуда, одоби шаҳрнишинӣ, равнақ бахшидани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дастаҷамъона таҳти шиори «Шаҳрамонро обод месозем» доир гардида истодааст. Мутаасифона дар пештоқи айвону тирезаи биноҳои дар қадди роҳи нақлиётгард ҷойгир буда, овехтани либос, назди баландошёнаҳо худсарона сохтани тануру оташдон ҳусни шаҳрро коста гардонида дар як вақт меъёри шаҳрнишинӣ риоя карда намешавад.
Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 104-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифодабарӣ сарф шудааст, мувофиқи таъиноташон баргардонида мешаванд.
Ҷойгир намудани ҳамагуна бинову иншоот танҳо дар асоси нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал, ки дар онҳо ҷойгиршавии бинову иншоот дарҷ гардидааст, бо риояи талаботи қоидаву меъёрҳои сохтмон ба роҳ монда мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки маданияти волои шаҳрдориро риоя намуда, ба меҳмонони дохилию хориҷӣ баҳри муаррифии шоистаи миллати соҳибтамаддун будан, масъулият ва ташаббусҳои созандаи хешро нишон диҳанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд