15 Март 2018
Дар МТМУ №26- и шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзии маҳаллаи "1 май" таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ аҳли маҳалла, фаъолон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хонандагону устодони мактаби номбурда иштирок намуданд.
Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст.
Барномаи рангини консертӣ фарогирӣ анънаҳои миллии наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида намуд.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Хуршеда Хоҷазода аҳли маҳалларо аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таҳният гуфта, барояшон бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу сарбаландӣ ва рӯзгори осуда орзу намуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд