14 Март 2018
Дар МТМУ №23-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода толори варзишии «Темурмалик» ифтитоҳ гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин иқдомро нек арзёбӣ намуда, таъкид намуд, ки он дар партави амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди майдончаҳои хурди варзишӣ ва рушди сексияҳои гуногуни варзишӣ сурат гирифта истодааст. Дар ин самт баҳри омода намудани ҷавонон ба мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ саҳми мураббиён муҳим аст. Аз ин лиҳоз, мураббиёнро зарур аст, ки бояд аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, баҳри оммавӣ гардонидани варзиш саҳмгузорӣ намоянд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Ҷаҳон Қурбонов, иштирокчии ду бозиҳои Олимпӣ, ҷоизадори чемпионати Осиё низ супориш дода шуд, ки барои тайёр намудани ҷавонон дар мусобиқаҳои Осиё ва ҷаҳонӣ аз таҷрибаву маҳорати хеш омӯзонад, то ин ҷавонони шаҳри Хуҷанд низ парчамбардори чунин мусобиқаҳо гарданд.
Мураббиёни варзида Воҳид Расулов ва Саидхоҷа Маъмуров ин иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро нек арзёбӣ намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ин ҳама баҳри тарбияи ҷавонони солими ватандӯст ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дафтар матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд