(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмин намудани марказҳои маъмурии шаҳр бо инфрасохтор ва иншоотҳои муҳандисӣ бо дар назардошти рушди минбаъдаи онҳо дар давраи ҳисоботӣ дар кўчаҳои “Пайрав Сулаймонӣ”, “Абулқосим Фирдавсӣ”, “Камоли Хуҷандӣ”, “Саидвалиев”, хиёбонҳои “Исмоили Сомонӣ”, “Истиқлолият”, ”Рифъат Ҳоҷиев”, “Раҳмон Набиев”, маҳаллаи 3, гирду атрофи боғи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, 2 адад кўпрук ва дигар майдонҳои ҳудуди шаҳр 1795 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир таъмир, иваз ва насбу васл карда шуданд.

Инчунин дар кўчаю хиёбонҳои шаҳр 50 дона конструксияи “Се ситора”, “Гул” ва “Лола” таъмир карда шуда, 330 адад пояҳои оҳанин  ва бетонин рангубор карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси Нақшаи генералӣ аз ҷониби ҶДММ “Суғдшаҳрофар” дар шаҳр нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 1,2, 26, 27, 28,29, 30 ва аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” нақшаи муфассали хиёбони Исмоили Сомонӣ, кўчаҳои Рифъат Ҳоҷиев, Гагарин, ҳамзамон аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш” нақшаҳои муфассали маҳаллаҳои 4,5,14,15 таҳия шудааст ва дар ин маҳаллаҳо сохтмони бино ва иншоотҳои ба  стандартҳои муосир мутобиқгардонидашуда ба таври комплексӣ амалӣ мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баландошёна ҷудо гардида 69,3 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки он таъминотро ба ҳар як сари аҳолӣ 0,38 метри мураббаъ зиёд намудааст.

Инчунин дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 63 адад биноҳои истиқоматӣ сохта шуда истодааст.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, ҳоло бо назардошти солҳои пешина 4665 нафар барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба навбат гирифта шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки бо қарорҳои дахлдор ва дар асоси хулосаҳои комиссияи ҷамъиятӣ ба 52 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд аз ҳудуди шаҳри Хуҷанд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 600,0 м2 ба ҳар як оила ҷудо карда шудааст.

Дар доираи бунёдкорӣ ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда, аз ҳамаи сарчашмаҳо 169,4 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба  сипаригашта 78,4 фоизро ташкил дода, ба ҳар як сари аҳолӣ 917,6 сомонӣ рост меояд.

Дар рафти гузаронидани корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин 264 ҳолатҳои қонунвайронкуниҳои замин дар майдони 11,89 гектар муайян карда шуда, ба маблағи 141,1 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки аз он 118,2 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 ва амри раиси шаҳр аз 7 июни соли 2018, №109 нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст.

Дар маҷмўъ, дар асоси 224 банди нақшаи чорабинӣ 473 иншоот сохта ба истифода дода шуда, аз онҳо мувофиқи 130 иншоот ба маблағи 175,1 млн. сомонӣ ба давраи ҳисоботӣ рост меояд. Аз ин миқдор, аз ҷумла, 8 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 4 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 расадхона, 6 бинои истиқоматии баландошёна, 10 майдончаҳои варзишӣ ва бозии бачагона, 1 иншооти хати обрасонӣ, зиёда аз 76 нуқтаи савдою хизматрасонӣ, 10 дигар иншоотҳои гуногун ва таъмиру таҷдиди 13 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба иҷро расонида шуда, дар ин замина 670 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Ҷиҳати ба анҷомрасонӣ ва ба тартиб даровардани номи кўчаву хиёбонҳо, рақамгузории биною манзилҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Тибқи иҷрои Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015, №572 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», «Дар бораи  гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 30 сентябри соли 2019, №1356, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2016, №511 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» дар давраи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ якҷо бо ташкилоту муассисаҳои шаҳр корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.

Моҳи апрели соли 2020 бақайдгирии биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо истифода аз планшет дар шаҳр ба наҷом расонида шуд. Аз рўи натиҷаҳои ба даст омада шумораи аҳолӣ, миқдори хонавода ва оила, намуди бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, дастрасӣ ба Интернет, мавҷудияти замину боғ ва чорвои шахсии хонавода муайян гардидааст.

Аз ҷумла, нақшаи ташкили барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 таҳия гардида, ба барномаи ягонаи Агентии омор кормандони муваққатан ба барўйхатгирии аҳолӣ ҷалбшавандаро аз рўи меъёри сарборӣ ворид карда шуд. Мувофиқи нақшаи ташкилӣ дар шаҳр 335 нафар кормандони мувақатии барўйхатгирии аҳолӣ, аз ҷумла 12 нафар мудирон ва ёрдамчиёни мудири шўъбаҳо, 48 нафар дастурдиҳанда – назоратчиён ва 275 нафар ҳисобчиён бо назардошти кормандони захиравӣ ба кори муввақатӣ ҷалб карда шуданд. Рўйхати кормандони муваққатии ба кор ҷалбшаванда бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд № 383 аз 14 сентябри соли 2020 тасдиқ карда шуд. Дар шаҳр барўйхатгирии аҳолӣ тариқи электронӣ тавассути интернет-пурсиш ва бо истифода аз планшет гузаронида шуд.

Маводҳои тарғиботӣ сари вақт дар ҳамаи 22 адад маҳаллаҳо, нақлиётҳои мусофиркашонӣ, донишгоҳҳои олии дохили шаҳр ва дар ҷойҳои серодам паҳн карда шуда, рафти дастурдиҳӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳр тавассути телевизионҳои шаҳрӣ, вилояти Суғд ва канали якуми Тоҷикистон намоиш дода шуд.

Ҳамин тариқ дар шаҳр маъракаи барўйхатгирии аҳолӣ бо тайёрии зарурӣ оғоз карда шуда, бомуваффақият дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати дастгирии шахсони яккаву танҳо, маъюбон, пирони барҷомонда, ятимон ва оилаҳои камбизоат чораҳои амалӣ андешида, дар давраи ҳисоботӣ барои сохтмони манзил ба 1 оила ба маблағи 1,0 ҳазор сомонӣ ва таъмири хона, ба 2 оила ба маблағи 1,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, боқимонда эҳтиёҷмандон бо навбат дастгирӣ ёфта истодаанд.

Илова бар ин, ба ниёзмандон ба маблағи 28,1 ҳазор сомонӣ барои пешбурди зиндагониашон ва табобат кўмак расонида шуда, ҳамзамон, ба 1 нафар муроҷиаткунанда бо масолеҳи сохтмонӣ (1м3 тахта ва 3,0 тонна цемент) кўмак расонида шуд.