(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар соли 2022 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 4800 адад мактубу дархостҳо, аз ҷумла аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1314 адад, прокуратураи шаҳр 98 адад ва прокуратураи вилоят 25 адад ворид гардида, 278 адади он ба назорат гирифта шуд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридгардида тибқи мансубияташон ба шуъбаю бахшҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои баррасӣ ва корбарӣ ирсол  карда шуд.

Илова бар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 3440 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 552 адад кам мебошад.

Ҳамчунин шумораи муроҷиатҳои воридгардида аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 126 адад ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 645 ададро ташкил медиҳад.

Маврид ба қайд аст, ки қабули шаҳрвандон дар рўзҳои чоршанбе ва шанбеи ҳар моҳ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рўи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён гирифта, дар ин давра аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 826 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 98 нафар шумораи муроҷиаткунандагон кам шудааст.