(2 голоса, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳр баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 16 муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 3 беморхона, 1 таваллудхона, 1 хонаи кўдакон, 6 марказҳои саломатӣ, 1 дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, стансияи ёрии таъҷилӣ (1 нуқтаи ёрии таъҷилӣ дар соҳили рост), маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти м фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 1953 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд.

Аз шумораи умумии табибон 459 нафар духтурон, аз ҷумла бо дараҷаи олӣ 247 нафар, дараҷаи якум 35 нафар ва дараҷаи дуюм 19 нафар буда, 41 нафар бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони Номзади илмҳои тиб, 6 нафар бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар дорандаи Медали “Шафқат” ва 3 нафар проффессор фаъолият доранд.

Дар соҳаи тандурустӣ баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ва таъмини шароити хуб ба кормандони соҳаи тиб, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозии як қатор иншоотҳо ба назар гирифта шуда, то имрўз дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Бахшида ба ин ҷашн дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд бунёди бинои нави стансияи ёрии таъҷилӣ, бинои нави шуъбаи нурафшонӣ дар маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Хуҷанд ва ҷорӣ дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз-2020 “Маркази ташхису табобатии “Дармонгоҳи Хуҷанд”, бинои иловагӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷарроҳии дилу шараёни вилояти Суғд” мавриди истифода қарор дода шуд.

13.2. Баҳри татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти м дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” дар шаҳр Шўрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо фаъолият бурда истодааст. Тибқи нақшаи мазкур баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бурдани тарзи ҳаёти м байни ҷомеаҳои меҳнатӣ, маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ мунтазам корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуда, тариқи радио ва телевизионҳои маҳаллӣ 25 барномаҳо пахш ва намоиш дода шуда, 35 мақола дар рўзномаву маҷаллаҳо ба нашр расонида шуд.

Дар 2020 бемории вируси норасогии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар шаҳр ҳамагӣ 19 нафар дарёфт карда шуд, ки аз инҳо 11 нафар мард ва 8 нафар зан мебошанд.

Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии COVID-19 аз тарафи табибони оилавии марказҳои саломатӣ дар самти пешгирӣ ва дарёфти илтиҳоби шуш навбатдории шабонарўзӣ ташкил карда шуда, ҳамарўза гардиши хона ба хона ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа сафи беморон муайян гардида, сари вақт ёрии тиббӣ расонида шуд.

Дар муассисаи давлатии Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сили шаҳри Хуҷанд ҷорӣ 242 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 68 нафарашон беморони ғайри шуш мебошанд.

Дар ин давра ба марказ 4832 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз инҳо 4700 нафар калонсолон ва 132 нафар бачагони синни то 14 соларо ташкил медиҳанд. Ташхиси флюрографӣ 1740 маротиба ва рентгенография 1513 маротиба гузаронида шудааст. Ташхиси балғам бошад, ҳамагӣ 439 маротиба гузаронида шудааст.

Барои ҳифзи иҷтимоии шахсони имтиёзнок, дар беморхонаҳои шаҳр ҳуҷраҳои алоҳида ҷудо карда шуда, тибқи қарорҳои дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ин гурўҳ шахсон хизматрасонӣ шуда истодааст.