(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Воҳидов А.Б.

Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучандии Донишгохи Давлатии тиббии Точикистон ба номи Абуали ибни Синоро хатм намудааст. Солхои 2014 ва 2022 дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустиии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили ихтисосро аз руи мавзуъи «Вогиршиносӣ ва бехдошт», «Масъалаҳои мубрами эпидемиология ва беҳдошт»-ро гузаштааст.

Солхои 1994-1997 дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1-и шаҳри Хуҷанд ба ҳайси табиб кор кардааст.

Аз соли 1998 то инҷониб дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хучанд дар вазифахои гуногун, аз он ҷумла духтури санитарӣ, духтури эпидемиологӣ, духтур-бактериолог, мудири шуъбаи санитарӣ, муовини сардор фаъолият бурда, аз 18-уми августи соли 2021 тибќи фармоиши сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ №18 дар вазифаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.