(2 голоса, среднее 3.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Баромади
Мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд, оиди рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №490 «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2012-2020»

Бахши энергетика саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, ки баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №409 ва қарори Раиси вилоят аз 15 ноябри соли 2011 №369, қарори Раиси шаҳр аз 30 декабри соли 2011,№750, ба тавсиб расида, дар давоми соли 2012-2016 як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Соли 2012 мувофиқи шартнома барои таъмини корхонаҳои фардии пиллаи ноҳияҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Ашт ва Ғончӣ бо тухмии ҳосилнокиаш баланд ва ба шароитҳои гуногун тобовар 7150 қутти тахми кирмак аз давлати Хитой оварда шуд.
Барои зиёд намудани базаи хӯроквории кирмакпарварӣ дар ҳудуди корхона зиёда аз 1000 бех ва инчунин дар гирду атрофии замини иҷоравии назди корхона (1,7 га), ки аз тарафи ноҳияи Б. Ғафуров ҶС +рунхӯҷаев ҷудо карда шудааст, зиёда аз 1200 бех тути навъи Ветнам шунонида шуд.
Барои инкишоф додани ин соҳа ҳавасмандкунии моддии кирмакпарварон бо Ассотсиатсияи +рунхӯҷаев шартномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ин чорабиниҳо натиҷаи мусбии худро нишон доданд ва ҳосилноки аз як қутти 138%-ро ташкил дод. Соли ҷорӣ бо хоҷагиҳои деҳқони ва шахсони алоҳида низ шартнома баста шуда буд, ки онҳо натиҷаи хуб доданд.
Соли 2013 бошад аз ноҳияиҳои Б.Ғафуров, Зафаробод, Ашт, Ғончӣ ҶС «+рунхӯҷаев» зиёда аз 97,2 тонна пиллаи хом (тар) қабул карда шуд, ки онро дар коргоҳ хушк карда барои коркард тайёр намудуданд. Фаъолияти кори корхона аз коркарди пиллаи Ҳосил-2013 сар гардид ва дар ҳудуди коргоҳ бо истифодабарии  қувваи коргарон 100 қутти тухми кирмак нигоҳбин карда шуда, аз он пиллаҳои аълосифат гирифта шуд, ки корхонаи муштараки  «Вт-силк» 49,7 тонна пиллаи хушки ҳосили навро коркард карданд. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 2218,4 ҳазор сомонӣ ё ин, ки   вусъати афзоиш нисбати давраи соли гузашта 135,1%-ро ташкил намуд.
Соли 2014 мувофиқи шартнома барои таъмини корхонаҳои фардии пиллаи ноҳияҳои Б. Ғафуров, Зафаробод, Ашт ва Ғончӣ бо тухмии ҳосилнокиаш баланд ва ба шароитҳои гуногун тобовар 6590 қутти тухми кирмак аз давлати Хитой оварда шуд.
Ҳамин тавр коргоҳ дар санаи 01.02.2015с. барои коркард ба миқдори 46тн 81кг пилла дошт .Ҳосили пилла  аз соли 2014 гузашта ба санаи 01.01.2015сол -583,18 тонна  буда ,он якҷоя  988,99 тоннаро  ташкил дод.
Дар асоси таъиноти Ҳукумати вилояти Суғд барои парвариши тухми кирмаки дар соли 2015 ба корхонаи муштараки «ВТ-Силк» 5 ноҳияҳои вилоят вобаста шудаанд, ки он миқдори умумии ноҳияҳои пиллапарварии вилоят ташкил дод: Ашт, Зафаробод, Конибодом , Панҷакент, Б.Ғафуров.
Коргоҳи муштараки «ВТ-Силк» 5 адад дасгоҳи дастии адрасу-атласбофи шинонида шудю боқимондааш 15 адад он барои васл намудани тайёр карда шудааст.

Соли 2015 дар коргоҳ истеҳсол карда шуд:

Маҳсулоти абрешим -19,22 тн
Партовҳои абрешим -35,4 тн
Маҳсулоти дигар -32,88 тн

Ҳаҷми маҳсулоти ин коргоҳ дар соли 2015 6363,5 ҳазор сомонӣ ё ин, ки вусъати афзоиш нисбати давраи соли гузашта 176,2%-ро ташкил намуд.
Дар ин маврид қайд кардан лозим аст, ки иқтидори коргоҳи муштараки «ВТ Силк» барои коркарди пурраи пиллаҳои тамоми ноҳияи вилояти Суғд қодир аст.
Бо ҳамин мақсад дар се моҳи соли 2016 дар ин коргоҳи муштарак тайёрӣ ба мавсими нав ва таъмири ҷории корхона рафта истодааст.
Дар асоси таъиноти Ҳукумати вилояти Суғд барои парвариши тухми кирмак дар соли 2016 ба корхонаи муштараки «ВТ-Силк» қариб ҳама ноҳияҳои вилоят вобаста шудаанд, ки зиёда аз 11600 қуттиро дарбар мегирад ва ин нишондиҳанда назар ба соли гузашта 60 фисад зиёд мебошад.
Бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар оянда низ тамоми имкониятҳоро баҳри татбиқи сиёсати пешгиримфтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғояҳои ояндабинонаи Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, болоравии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, дар самти пешравии ҳама соҳаи саноат сафарбар хоҳад кард.
Ташаккур ба диқататон!

Ноҳия

Тақсимоти тухми кирмак (қуттӣ)

Истеҳсоли пилла аз 1 қуттӣ (кг) нақша аслӣ

Ба намуди пиллаи тар ҳамагӣ (тонн) нақша аслӣ

%-и ҳосилнокӣ аз 1 қуттӣ

Истеҳсоли пиллаи хушк (кг) аслӣ

Ашт

1000

50,0

7,5

50,0

7,5

15,0

2400,0

Зафаробод

280

46,4

14,6

13,0

402,0

31,5

1563,4

Конибодом

2300

50,0

19,3

115,0

45,4

38,6

16320

Панҷакент

580

46,6

25,5

27,0

14,8

54,8

5429,3

Б.Ғафуров

3200

50,3

10,4

161,0

34,0

20,7

12830,2

Ҳамагӣ

7360

49,8

14,4

366,0

105,9

32,1

38543,0

Графики ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи ҶДММ КМ «ВТ-Силк»
(ҳаз.сомонӣ)

Графики ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи ҶДММ КМ «ВТ-Силк» (ҳаз.сомонӣ)