(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Гузориш аз кори иxлосия: Санаи 15-уми апрели соли равон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чаҳорум баргузор шуд.Баъди садо додани Суруди миллӣ, бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят рӯзномаи иҷлосияро иборат аз ҳашт банд тасдиқ ва ҳайати котиботи иҷлосияро интихоб карданд.

Аз рӯи масъалаи якум оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» дар вилоят ва вазифаҳои таъхирнопазири мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи амалии он дар маҳаллаҳо, муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов маърӯза кард.

Ҳамзамон, омӯзиши татбиқи Қонун нишон дод, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо камбудиву норасоиҳо якранг буда, он бо сабаби аз наздик огоҳ набудани масъулон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба вуқӯъ пайвастааст. Сабаби дигар он аст, ки раисони кумитаи маҳаллаҳо шароити мусоди корӣ ва ҳавасмандии воқеӣ надоранд таъкид дошт муовини аввали Раиси вилоят  Ҷумъабой Сангинов. Зикр гардид, ки алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1419 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият доранд. Вале, танҳо 18 кумитаи маҳаллаҳо дорои шароити мусоиди фаъолият мебошанд.

Ҳамчунин ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ин бобат шунида шуд ва аз рӯи ин масъалаи мазкур  музокирот сурат гирифт.

Вакилон инчунин, rарори Раиси вилояти Суғдро «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети вилоятӣ барои соли 2013»-ро тасдиқ намуданд. Мувофиқи rарори мазкур буҷети иловагии вилоятӣ бо маблағи умумии 10 миллион сомонӣ барои хароҷоти соҳаҳои маориф, фарҳанг ва варзиш пешбинӣ шудааст. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаҳои интихоботии «Камоли Хуҷандӣ» № 4 Муяссар Раҳимова ва «Истаравшан» № 32 Фаёз Султонов оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиашон ҳисобот доданд.

Вакилон дар бораи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ низ қарор қабул намуданд.