(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Семинар: Баҳри баландбардории маърифати ИМОМ-ХАТИБОНАз 9-ум то 11-уми апрели соли равон дар масҷиди Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддин Нурӣ семинари маърифатии имом-хатибони масоҷиди шаҳри Хуҷанд ва атрофи он баргузор гардид. Мақсад аз баргузор кардани семинар омӯзондани масоили мубрами дини Ислом ва пешгирии ихтилофот байни мазҳабҳо ва баромадан аз низомномаи масҷид, ки дар заминаи таълимоти Абӯҳанифа-Имоми Аъзам амал мекунанд.

Ба гуфти раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар байни ҷавонон намозгузороне пайдо шудаанд, ки шояд барои худнамоӣ бошад, танҳо фарзи намозро мегузоранду бе ягон ибо, бо кибру ғурур аз масҷид баромада мераванд ё дуои баъди намозро қобили қабул намедонанд. Ин беэҳтиромии онҳо нисбат ба ҳазорҳо намозгузорон албатта, боиси коҳиши табъи пирон мегардад.

Ба чунин ҷавонон боодобона бояд фаҳмонд, ки худнамоӣ кори бад аст ва мо наметавонем аз доираи нишондоди қуръон, аҳодиси набавӣ ва таълимоти Имоми Аъзам берун бароем.

Дар мавзӯи «Давлат ва дин» мудири шӯъба оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуҳаким Шарифов сӯҳбат кард.

Давлат дин ва диндоронро ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳақ дорад муносибаташро ба дин муқаррар кунад ва ба яке аз динҳо пайравӣ намояд. Мардуми мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»-ро эҳтиром мекунанд ва фаъолияти худро дар асоси он ба маҷро меандозанд. Зарур аст, ки падару модарон фарзандони ноболиғи худро аз иштирок дар чорабиниҳои динӣ боз доранд, гуфт А.Шарифов.

Семинар: Баҳри баландбардории маърифати ИМОМ-ХАТИБОНДар семинар, ки се рӯз идома кард донандагони шариати Ислом ва моҳияти дину мазҳаб Хоҷаамир Хоҷаамиров, Абдулҳафиз Аҳадов, Мирзоибодулло Калонзода, Орифҷон Байзоев ҳам баромад карданд.

Дар семинар масъалаҳои диниро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назар карданд. Сӯҳбати прокурори шаҳри Хуҷанд Қурбоналӣ Мирзоев иштирокдорони семинарро дар муҳокимаи масъалаҳо фаъолтар гардонд.

Рӯзи сеюм, дар ҷамъбасти семинар Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва мудири шӯъбаи МИҲД-и вилоят Абдуҳаким Шарифов ширкат карданд.

Раиси шаҳр дар мисоли се масҷид пайдоиши ихтилофҳои мазҳабиро дар байни намозгузорон, хосатан, ҷавонон, ки имрӯз намозро дигаргуна мегузоранд ва баъзе оятҳои қуръонро ба таври худ тафсир мекунанд, ба хубӣ нишон дод. Оқибати ихтилофоту тафриқандозиро равшан эҳсос намуда, вазифаи имом-хатибони масоҷиди панҷвақтаю ҷомеи шаҳрро ба таври мушаххас муайян кард. Касе ҳақ надорад нисбат ба таълимоти Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) беандешагӣ ва беҳурматӣ зоҳир кунад.

Дар ниҳоят иштирокдорони семинар ба унвони сокинони шаҳр ва атрофи он бо мақсади пешгирии гароиш ба ҳизбу ҳаракат ва ҷараёнҳои ғайриқонунӣ муроҷиатнома қабл карданд.