(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва рӯзноманигорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аҳли қаламро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки матбуот ва воситаи ахбори омма ҷузъи асосии маънавият маҳсуб мешавад ва чун баёнгари афкори умум, тарбияи маънавии инсонҳо ҳамеша хизмат мекунад. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум низ маҳз аз ҳақиқатнигорӣ, инъикоси воқеии ҳаводис ва баҳои дуруст додан ба ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.
Дар яке аз суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Нури маърифате, ки аз равзанаи матбуот зиёиёни миллат рўшан карда буданд, то ба имрўз дилу дидаи ҳазоронро мунаввар месозад”.
Зикр гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ матбуоти тоҷик тадриҷан рушду такомул ёфта, ба хотири пешрафту шукуфоии диёри азизамон ва мардуми сарбаланди он софдилонаю содиқона хизмат менамояд. Рисолати аҳли қалам ва кормандони воситаҳои ахбори умум маҳз аз ҳақиқатнигорӣ ва инъикоси воқеии ҳаводиси ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад.
Шаҳрдор дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки аҳли эҷод бо дарки масъулияти баланд ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии шаҳри ҳамешабаҳори Хуҷандро дар раванди пешравиҳои беназир воқеъбинона ба қалам дода, дар тарғиби сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузорад.
Сипас аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба як қатор рӯзноманигорони фаъол Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҷовиди Аштӣ, намояндаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар вилояти Суғд барои таманниёт ва қадршиносии журналистон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода арзи миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд