(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

АРҶ ГУЗОРЕМ БА МОДАР, САРОҒОЗИ ҲАЁТИ АҲЛИ БАШАР!

Модарону хоҳарон ва бонувони арҷманд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд, ки «...Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, инсондўстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

Воқеан, нақши занону бонувон дар пешбурди ҷомеа, тарбияи неки фарзандон бағоят калон аст ва месазад дар ин рўзи хуҷаста – Рўзи Модар бо камоли эҳтирому адаб ва арҷгузорӣ ба номи поки модарон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли модарону бонувони ин шаҳри хуршедиро шодбод гўем ва барои хидматҳои арзандаву шабзиндадориҳояшон сари таъзим фуруд оварем.
Зан на танҳо модар ва танзимгари низоми хонавода, балки омўзгор, мураббӣ, рўзноманигор, табиб, муҳандис, ҳунарманд, кадбону, соҳибкор, хизматчии давлатӣ, ҳомии қонун, сарбози ватан, бинокор ва амсоли он мебошад. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш овардааст, ки дар мавриди низоми оиладорӣ низ босубот бошем, фарзандонро аз гаравиш ва майл ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ дорем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон ононро ба таври шоиста тарбия намоем. Дар ин кор, албатта, саҳму заҳмати модарони гиромӣ бояд аз буда бештар бошад.
Боиси ифтихор ва шоистаи зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бо тантанаву шукўҳи хоса ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рўзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад.
Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии модарону бонувони иззатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол барои дастгирии занони ҳунарманд грантҳо таъсис медиҳанд ва тайи солҳост, ки ин иқдомро Раиси вилояти Суғд Раҷаббоӣ Аҳмадзода ва мо пайравӣ карда истодаем. Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ низ ҳама барои беҳбуд бахшидан ба зиндагӣ ва фаъолияти занону бонувон ва духтарон нигаронида шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бори дигар шумо ва дар симои шумо тамоми занону модаронро ба муносибати Рўзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон офияти умр, зиндагии босаодат, хонаободӣ, хотири ҷамъ, дили саршор аз меҳру муҳаббат ва дар тарбияи фарзандони ватандўсту ватанпарвар, хушахлоқу намунавӣ тавфиқу комёбиҳои зиёд орзу мекунад.
Рўзи Модар – сарчашмаи меҳру сафо муборак!