(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили якчанд нафар бонувони меҳнатқарин, дар арсаи меҳнат солҳо заҳмат кашидаанд, рафта, эшонро бо Рӯзи модар табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни табрикоти Ҳалима Ҳошимова, Санҷида Сабурова, Муқаддас Узоқова, Битурсун Юсупова, Шарифа Сайфитдинова ва дигарон зикр дошт, ки модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Аёдатшудагон Ҳалима Ҳошимова, Санҷида Сабурова, Муқаддас Узоқова, Битурсун Юсупова, Шарифа Сайфитдинова ва дигарон аз ин иқдоми шаҳрдор болида гардида, ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ баён намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд