(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТТ №36 маҳфили хушҳолӣ бахшида ба 31 солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо номи "Ҳимоятгари хурдсоли Ватан" дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб бо роҳбарии мураббия Дилбар Раҷабова дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф — ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Кӯдакон бо шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб ба маҳфил ҳусни дигар бахшиданд.
Бояд зикр намуд, ки барои тамошои чунин маҳфили зебо афсарон ва сарбозон аз қисми низомии 3501- и шаҳри Хуҷанди қӯшунҳои дохилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок карда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд