(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

Комёбиҳои нав насибатон гардад

Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамшаҳриёни азиз!

Дар истиқболу остонаи Соли нави мелодии 2024-ум қарор дорем ва ба ин муносибати неку фархунда кулли ҳамдиёронро бо самимият ва ифтихормандӣ шодбод мегўям, дар орзуи он ҳастам, ки шаҳри азизамон – Хуҷанд ва кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон дар соли ҷадид боз ҳам ободу шукуфон, пешқадаму пешрафта гардад 

ва ҳар сокини он дар фазои сулҳу субот, амну оромӣ зиндагиву кору пайкор намояд. Ба соли сипаригашта бо ифтихор назар дўхта, мебинем, ки соли 2023-юм таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавони Хуҷанд боз ҳам шукуфону обод, иншооти гуногун бунёд, роҳҳо таъмир, варзишгоҳу майдончаҳо барои бачаҳо таъмин, вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардум ба маротиб беҳтар гашт. Бо ифтихор метавон зикр кард, ки соли 2023 барои сокинони шаҳри Хуҷанд соли комёбиҳои бузург ва дастовардҳои назаррас буд. Сокинони сарбаланди шаҳр имсол барои омодагии шоиста ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмату талош карданд ва ба даҳҳо дастоварди дигар шарафёб гардиданд.

Соли 2023 дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд марҳилаи муҳим гардид. Давоми сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар қаламрави вилояти Суғд сафари хидматӣ анҷом дода, дар доираи он дар шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Хуҷанд корхонаҳои нави саноатиро ба истифода доданд. Дар ин муддат 57 корхонаи нави хурду миёна таъсис ёфта, беш аз 334 нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гардид.
Сокинони шарафманду соҳибхиради Хуҷанди бостонӣ бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил таҳти роҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи доимии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои рўзафзуни Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар соли сипарӣ баҳри саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаю арзандаи ҳар сокини шаҳрамон корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Дар Паёми имсолаашон Пешвои муаззами миллат соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд. Ин иқдоми Сарвари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки маърифати ҳуқуқии хешро боло бардорем, аз озодиву истиқлоли давлатамон шукрона намоем ва баҳри рушди он содиқона заҳмат кашем.
Мо ба нерўи созанда ва бунёдкорона, таҳаммулгарову заҳматқарини мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд такя намуда, умед ба он дорем, ки тамоми имконияту дониши хешро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, ҳифзи дастовард ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар хонад намуд.
Бигзор Соли нави мелодии 2024-ум барои ҳар фарди ватандўсти тоҷик соли барору комёбӣ, муваффақияту музаффарият, амалишавии орзуҳои нек, соли пешрафту дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ гардад.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамшаҳриёни азиз!