(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо садо додани Суруди миллӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, муовини якум, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, ҳифзи сиҳатии омма, раисони маҳаллаҳо, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баргузор гардид.

Нахуст вакилон ҳисоботи Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба фъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми 11 моҳи соли равонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки татбиқи амалҳои муассиру саривақтӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар сарфи назар аз таъсири вазъи ноустувории иқтисодии ҷаҳонӣ имкон дод, ки дар ин давра барои тақвияти соҳа тибқи маълумотҳои оморӣ 57 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 334 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 30,7 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 262 адад расонида шавад.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд. 714,6 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 208,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин миқдор аз ҷониби 23 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 412,0 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 13,2 фоиз зиёд гашта, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти шаҳр 24,7 фоизро ташкил дод, ки он барои рушди соҳаи мазкур заминаи устувор гузошта истодааст.
Таъкид гардид,ки дар ин давра номгўи маҳсулоти истеҳсолшуда низ 24 намуд зиёд шуда, то ба 185 намуд расида, аз шумораи умумӣ 129 номгўи маҳсулотҳо нисбат ба соли пешина зиёда аз 100 фоиз таъмин гаштааст.
Натиҷаҳои назарраси ин соҳа барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва кам шудани маҳсулоти қаблан воридшаванда шароити мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати тақвияти буҷети давлатӣ замина гузошта истодааст.
Зимни музокираи масъалаи мазкур Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба саноат, энергетика, коммуникатсия, нақлиёт, сохтмон ва шаҳрсозӣ Дилафрӯз Саидӣ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Аз рўи масъалаҳои дуюм ва сеюми иҷлосия сардори раёсати молияи шаҳри Хуҷанд Абдусалом Бобоҷонзода, дар бораи ворид намудани таъғирот ба буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2023 ва қабули буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд барои соли 2024 маълумот дод.
Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд барои соли 2024 ба маблағи умумии 693 805 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, хусусияти иҷтимоии буҷет нигоҳ дода шуда, афсалият ба рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ дода шудааст.
Дар масъалаи дигари иҷлосия ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Қалъаи Хуҷанд” №17 Адиба Мамадова шунида шуд.
Вакилон дар ҷараёни иҷлосия баъди баррасӣ як қатор қарорҳои дахлдори Раиси шаҳрро тасдиқ намуднд.
Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар иҷлосия суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки вакилон дар ҳамҷоягӣ фаъолони шаҳр дар оянда низ баҳри иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро барои пешрафти давлати соҳибихтиёри худ, тараққиёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва ғайраҳо азму талоши созанда намоянд.
Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Фирдавс Шарифзода ба иҷлосия ҳусни анҷом бахшида, аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар соли нави омадаистода бо ҳисси баланди ватандорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани шаҳри азизамон минбаъд низ бо азму иродаи қавии созандагӣ заҳмат кашида, барои муҳайё сохтани зиндагии арзанда саҳми босазо гузорем.
Ҳар як вакил ва фаъолони шаҳр ташаббускору ташкилотчӣ бошанд ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат аҳлона заҳмат кашида, дар вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ дар ҳавзаҳои интихоботии худ ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар маҳалҳо саҳми содиқонаву ватандўстона гузоранд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд