(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар пояи ҳайкали Маликушшуаро воқеъ дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки аҳли илму адаб таҷлил карда шуд.

Зайнура Азимӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Санаи фархундаи Рўзи Рўдакӣ дар кишвари азизи мо ҳамасола 22 сентябр таҷлил гардида, таваҷҷуҳ ва арҷгузории давлату Ҳукумати кишварро ба хизматҳои бесобиқаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Рўдакӣ, кору пайкори абармардони илму адаб, осори гаронбаҳои онҳо, таъриху фарҳанги оламшумул ва арзишҳои миллию таърихии халқамон ифода менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Устод Рӯдакӣ нахустин шоири дарҳақиқат миллии тоҷик буда, бо эҷоди ашъори олӣ, таблиғи арзишҳои бузурги ахлоқиву фалсафӣ ва корбасти калимаву таркибҳои содаву равони тоҷикӣ шеъри моро ба маснади шоҳӣ бардошт ва кохи пурҷалолу бегазанди адабиёти тоҷику форсро бунёд гузошт”.

Воқеан ҳам, устод Рӯдакӣ бо каломи ҳикматбори худ на танҳо қадри сухани ноби тоҷикиро боло бурд, балки бо офаридани осори арзишманд адабиёти тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард”.

Таъкид шуд, ки ашъори Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои баланди дорои арзишҳои башардӯстона инсониятро ба сулҳу дўстӣ, адолат, сабру таҳаммул, зиндагии босаодат ва ваҳдату ҳамбастагӣ даъват менамояд ва ҳамчун муҳимтарин омили ҳастӣ ва бақои забони тоҷикӣ оинаи мусаффои зиндагии мо ба ҳисоб меравад.Дар замони муосир, ки бар асари талошу муборизаи кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани манфиатҳо суботу оромӣ дар минтақаҳои алоҳидаи олам осебпазир гардидааст, арзишу аҳаммияти осори панду ахлоқии устод Рўдакӣ бештар эҳсос мегардад.

Сипас Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро бахшида ба Рӯзи Рӯдаки ироа намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки “Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман, ҷомеаи кишвар бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморад. Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад, яъне аз умқи таърихи тамаддун ва фарҳанги миллӣ об мехўрад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад. Бузургдошти шахсият ва кору пайкори устоди тамоми шоирони форсизабони дунё Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгўи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди азизони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабиёт ва фарҳанги мо буда, тамоми ҷомеаро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд”.

Шоири халқии Тоҷикистон, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод доир ба нақши мондагори Маликушшуаро дар асосгузорӣ ва рушди адабиёти тоҷик маърӯза намуд.

Барномаи пуршукуҳи аҳли фарҳанги шаҳр аз эҷодиёти Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ табъи ҳозиринро болида намуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд