(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар чорабинӣ Тахмина Абдуқаҳҳорзода мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, аҳли фарҳанг ва омўзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд беш аз 160 нафар муҳассилин дар шуъбаҳои рассомӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз устодони соҳибтаҷриба таълим мегиранд.

Самтҳои асосии мактаби рассомиро тарроҳӣ, расмкашӣ, йурмадўзӣ, дастидўзӣ, қуроқдўзӣ ва ғайраҳо ташкил медиҳад ва ҳадаф тарғибу ташвиқ, рушду инкишоф ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ аст. Хонандагон бо асарҳои эҷоднамудаи худ дар якчанд озмунҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок намуда, мақомҳои сазоворро соҳиб гаштаанд.

Муҳассилин маҳсули эҷоди хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки меҳмонон бо сабки нигорандагӣ ва тахаюллоти ҳар як асар мароқи тоза зоҳир намуданд.

Тахмина Абдуқаҳҳорзода мудири шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти пурсамари омўзгорон ва хонандагони мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд тавсиф намуда, ҳамзамон ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он дар хориҷи кишвар, сайқали таҷриба ва дарёфту ҷалби бештари наврасони соҳибистеъдод ба муассисаи таълимӣ машваратҳо доданд.

Сипас ба як қатор омўзгорон ва хонандагон барои дастовардҳои афзунашон дар ҷодаи эҷодиёт ва фаъолият сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд