(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доири таҷлили Рўзи ҷавонон дар Мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонӣ-баҳори зиндагонӣ» баргузор гардид.

Директори Мактаби хусусии «Гулчини маърифат» Матлуба Муинова ҷавононро бо фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки имрўз бо сиёсати дурбинона ва ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон як қатор имтиёзот муҳайё карда шудааст, ки ҳадаф дастгирии пурраи ин қишри ҷомеа дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангист.

Таъкид шуд, ки дар таҳкими сулҳу суботи мамлакат саҳми ҷавонон муҳим арзёбӣ карда шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Ба ибрози Сарвари давлат, ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ давлати ҷавонон аст.

Аз ин хотир дар мамлакат «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» қабул гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа мебошад.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Назирҷон Мирмуллоев ва намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр Дилбар Абдуллоева дар чорабинӣ баромад намуда, доир ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон маълумот доданд.

Сипас ғолибони мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Барномаи фарҳангии ватандўстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд