(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади дарёфт ва муаррифӣ намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони боистеъдод, навовару эҷодкор, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023" баргузор гардид, ки дар он аз 4 нафар ғолибони даври ниҳоии озмун иштирок намуданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот ғолибият насиби омӯзгори фанни математикаи гимназияи №24 Шоира Охунова гардид.

Дар ин озмун омӯзгори синфҳои ибтидоии литсейи ДДҲБСТ Мунира Сатторзода ҷои дуюм ва мақомҳои сеюмро омӯзгорони МТМУ12 Муяссар Шодиева ва гимназияи №13 Фарзона Саидкамолзода ба даст оварданд.

Шоира Охунова ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2023" дар давраи вилоятии озмуни мазкур ширкат хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд