(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мусобиқа тибқи нақшаи муштараки Федератсияи футболи шаҳр, бахши кор бо ҷавонон ва варзи ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он зиёда аз 600 нафар наврасону ҷавонон дар ҳайати 42 даста иштирок ва байниҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мақсад аз баргузори мусобиқа ин тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди намуди футбол, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуд, дарёфти чеҳраҳои нав, мустаҳкам намудани дўстӣ байни варзишгарон ва пешгирии омилҳои номатлуббайни ҷавонону наврасон ба ҳисоб меравад.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки таваҷҷўҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон рўз аз рўз зиёд мегардад. Зеро дар замони бархўрди тамаддунҳо ва муқовимат ба даъвату тазодҳои ҷаҳони муосир, насли ҷавон ягона василаи устувор ва сарватест, ки метавонад дар раванди инкишофи худ ба муваффақият ноил гардад.

Хушбахтона давоми солҳои охир таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул гардидан ба варзиш афзудааст. Ин аст, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ба гирифтани мақоми ифтихорӣ ва боло бурдани нуфузу мақоми кишвари худ саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо диплому медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд