(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 04.05.2023, №257 “Дар бораи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба намуди гўштини дзюдо баргузор гардид.

Мусобиқа байни варзишгарони солҳои таваллудашон 2008-2010 ва 2011-2013 гузаронида шуда, дар он зиёда аз 100 нафар варзишгарони наврасу ҷавон иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мусобиқа дар толори варзишии “Устопириён”-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, он аз рўи 18 вазн дар ҳарду синну сол гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузори мусобиқа ин тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди намуди гўштини дзюдо, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуд, дарёфти чеҳраҳои нав, мустаҳкам намудани дўстӣ байни варзишгарон ва пешгирии омилҳои номатлуббайни ҷавонону наврасон ба ҳисоб меравад.

Дар охир ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо диплому медалҳо қадршиносӣ карда шуданд.