(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар толори “Маркази фарҳанг”-и шаҳри Хуҷанд Конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Ҷавонон-нерўи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори конфренсия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров, сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Меҳриддин Ғафурӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон Бахтиёр Исматҷонов, намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила, бахши фарҳанг, устодону донишҷўёни академия ва ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кори конфренсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар он доир ба мавзўъҳои “Ҷавонон нерўи пешбарандаи ҷомеа”, “Нақши Пешвои миллат дар тарғиби арзишҳои миллӣ”, “Оилаи солим-ҷомеаи солим”, “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан” ва “Сабаб ва шароитҳои шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгароӣ” маърўзаҳо карда шуданд.

Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бо истифода аз тамоми имконият ва шароите, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барои таҳсил, кору фаъолият, фароғату беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокии ҷавонон омода ва пешниҳод менамояд, самаранок истифода намуда, пеш аз ҳама сатҳи дониш ва маърифатнокии худро боло бардоранд, ташаббускору созанда бошанд.
Пайваста дар роҳи ташаккули ҳаматарафа ва солимии ҷисмониву маънавии худ кўшиш ба харҷ дода, бо ҷидду ҷаҳди комил дар роҳи дуруст тарбия ва ба камол расанд. Дар ин раванд лозим аст, ки тамоми ҳастӣ ва нерўи ҷавони худро барои саодати миллат ва ободии диёр равона намоянд.

Қисмати дуюми конфренсия бо барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ идома ёфта, аз ҷониби ҳофизони ҷавон сурудҳои ватандўстона пешкашӣ ҳозирин карда шуд.

Дар охир як қатор иштирокдорони фаъоли конфренсия бо сипосномаҳо ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд