(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altОилаи Алимовҳо дар маҳаллаи "Мевагул"-и шаҳри Хуҷанд соҳибэҳтиром буда,аҳлу тифоқ зиндагонии якҷояи зиеда аз 50 сол доранд.

3 духтари нозанинро тарбия намудаву ба камол расонидаанд.

Онҳо ҳамеша дар боби оилаву оиладори ба духтаронашон суҳбат дошта,ҳамеша таъкид мекарданд, ки пойдориву мустаҳкамии оила аз зан- модар вобастагии зиед дорад.

Насиҳат мекарданд,ки аз ҳама муҳим дар оиладорӣ меҳру муҳаббат,самимият ва покизакорӣ мебошад. Падару модар барои духтарон ҳатман болои ҷиҳозашон китоб туҳфа мекарданд. Ин аҷиб буд, барои нафароне, ки аз илму илмомузӣ дур буданд.

Ҳамин тариқ ,ин оила оилаи аҳлу тифоқ байни хешовандон, дӯстон ва пайвандон шуҳраташон баланд будааст.