(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмилалии оила байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва бонувони фаъоли ҳизб озмуни “Кадбонуи беҳтарин” таҳти унвони “Мактаби хушдоман ва фарҳанги оиладорӣ” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, мудири шуъбаи занони кумиҷроияи вилоятӣ Азиза Мирзохоҷаева, собиқадорон ва фаъолони ҳизб иштирок ва баромад карда, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи оила табрик карданд.

Бояд зикр намуд, ки озмун аз рӯйи 4 шарт: омода намудани хуриш аз сабзавот, тайёр намудани кулчақанд ё ширинӣ, ороиши меваҳо ва муаррифии дастархони миллӣ баргузор гардида, дар он 9 даста аз Кумитаҳои иҷрояи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат варзида, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷаи холгузории аъзоҳои ҳакамон озмун ҷамъбаст ва ғолибон муайян шуданд. Ҷойи аввал насиби Кумитаи иҷроии ибтидоии “Муҳаммад Осимӣ” дар назди Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ , ҷойи дуюм насиби ташкилоти ибтидоии “Ҳунарманд” дар назди Литсейи касбӣ – хизматии ДБССТ дар вилояти Суғд (ш.Хуҷанд) ва ҷои сеюм насиби ташкилоти ибтидоии “Ирфон” дар назди Мактаби хусусии Ирфон гардид. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаи кумиҷроияи шаҳрӣ қадрдонӣ карда шуда, ҳамчунин дигар иштирокчиён низ барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз ташкил ва баргузории озмуни мазкур дар он аст, ки имрӯз бояд наварӯсон аз мактаби бузурги хушдомани худ дарси ибрат гирифта, баҳри пойдории оила ва таълиму тарбияи фарзандони худ хушдоман ва дигар аъзоёни оилаи худро эҳтиром кунанд, зеро муҳаббату ғамхорӣ, меҳнатдустӣ, муносибат бо дигаронро кӯдак маҳз дар оила меомӯзад. Бинобар ин, оилаҳои дар асоси муҳаббати ҳақиқӣ, изззату эҳтиром барпогардида фарзандони солимро тарбия менамоянд.