(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба идораи ШТР “СМ1” ташриф оварда, ба аҳли эҷод ва техникии ин расона Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати 25 солагии таъсисёбии телевизиони "СМ-1"-ро расониданд.

Дар номаи шодбошии шаҳрдорӣ аз ҷумла омадааст: “ШТР «СМ1» аз аввалин расонаҳои мустақили Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки дар пур кардани фазои иттилоотии шаҳри Хуҷанд хизмати босазо гузошта меояд. Нақшу эътибори телевизиони мазкур аз маҳорату истеъдод ва салиқаи касбии кормандонаш дарак дода, дар ин муддат дар дидаву дили мардум ҷой шуда, тамошобинони зиёдро ба худ фаро гирифтааст. Умри бархе барномаҳои ин телевизион баробари таъсисёбии он аст, ки кори саҳлу осон нест. Беҳубот ШТР “СМ1” дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун телевизиони устувор ва ояндадор шинохта шудааст”.

Воқеан ҳам ШТР «СМ1» аз рўзи таъсисёбии худ то ба имрўз бо пахши барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ ба таври назаррас рушд карда, ҳамзамон ба мактаби бузурги тарбияву ибратбахши журналистони ҷавон мубаддал гаштааст. Ҳамкориҳои шаҳрдорӣ дар сатҳи сифатан хуб ба роҳ монда шуда, ҳамарўза тариқи ин расона вобаста ба рўйдодҳои шаҳрдорӣ, бахусус масоили иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ хабару гузоришҳо пахш гардида, дар ин самт телевизиони мазкур нақши созанда ва пешоҳанг дорад.

Роҳбарияти телевизион барои таваҷҷуҳ ва таҳният ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода арзи миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар ояндаа боз ҳам рушд ва ба сатҳи нав бароварда хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд