(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар асоси муроҷиат ва матлаби шаҳрванд Алияхон Олимова тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук оид ба ивази хатсайри мусофиркашӣ аз ҷониби яке аз ронандаҳои хатсайри №17 бо супориши сардори ШВКД ҶТ полковники милитсия Илҳом Қосимзода аз ҷониби кормандони ШБДА дар шаҳри Хуҷанд шахсияти ронанда муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Тавре шаҳрванд Алияхон Олимова навишта буд, санаи 14.04.23 соати 07:43 ронандаи маршруткаи хатсайри №17 ракамаш 6664тт қоидаи харакатро вайрон кард ва мусофиронро ба истгоҳи муайяншуда нарасонида, худсарона аз ними роҳ хатсайрро иваз мекунад, ки боиси норозии мусофирон мешавад. Мусофирон занҳои синну солашон калон борхалтахои вазнин дошта буданд маҷбур ба сўйи бозори Панҷшанбе пиёда роҳ рафтанд.

Баъди андешидани чораҳои фаврӣ маълум гардид, ки ронандаи хатсайри №17 Дилшод Набиев бо воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес Спринтер» бо аломати бақайдгирии 6664ТТ06 ҳангоми идора кардани нақлиёт ду хатти яклухтро пахш карда, якчанд мусофиронро савор карда, хатсайрро худсарона иваз намуда, қоидаҳои ҳаракати роҳ ва кашонидани мусофиронро дағалона вайрон намудааст.

Микроавтобуси ронанда Дилшод Набиев ба майдончаи ҷаримавӣ дастрас ва нисбати мавсуф тибқи табалоти қонунгузории кишвар чора дида шуд.