(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар он «Шоҳҷоиза»-и озмунро шаҳри Душанбе ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Фестивали мазкур аз рӯи 10 номинатсия баргузор гардида, дар он ба ҳар номинатсия се ҷой ғолиб дониста шуд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Гулпарвари беҳтарин» -ҷойи якум ба гулпарвари Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Фирўза Зоирова, ҷойи дуюм ба гулпарвар — Абдусалом Шодибеков аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷойи сеюм ба Соҳибдавлат Назаров аз шаҳри Турсунзода дода шуд. Дар номинатсияи «Гулгашту хиёбон» ба Гулгашти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ҷойи якум, Гулгашти назди Сирки давлатӣ ҷойи дуюм ва Гулгашти деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ ҷойи сеюм дода шуд.

Дар номинатсияи «Боғи фарҳангӣ фароғатӣ» — Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Аҳмади Дониш сазовори ҷойи якум, Боғи фарҳангӣ – фароғатии Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб ҷойи дуюм ва Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи сеюмро гирифтанд.

Дар номинатсияи «Маҳалла» ҷойи якум ба маҳаллаи «Деҳи Боло»-и ноҳияи Сино, ҷойи дуюм ба маҳаллаи 1-и шаҳри Гулистон ва ҷойи сеюм ба маҳаллаи 4, кӯчаи И.Сомонии ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик сазовор дониста шуд.

Ғолибони номинатсияи «Деҳа» дар ҷойи якум деҳаи Балҷувони ноҳияи Балҷувон, дар ҷойи дуюм деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, дар ҷойи сеюм деҳаи Навниҳоли Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат гардид.

Дар номинатсияи «Деҳот» ҷойи якум ба Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷойи дуюм ба Ҷамоати деҳоти Шаҳринави ноҳияи Шаҳринав ва ҷойи сеюм ба Ҷамоати деҳоти Варзоб–Қалъаи ноҳияи Варзоб дода шуд.

Инчунин дар номинатсияи «Шаҳрак» ҷойи якум ба Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон, ҷойи дуюм ба Шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷойи сеюм ба Ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ сазовор дониста шуд.

Ҳамзамон дар номинатсияи «Ноҳия» ноҳияи Шоҳмансур ҷойи якум, ноҳияи Данғара ҷойи дуюм ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи сеюмро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи «Шаҳр» ҷойи якум ба шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуюм ба шаҳри Кӯлоб ва ҷойи сеюм ба шаҳри Бохтар дода шуд.

Инчунин дар номинатсияи «Вилоят» ҷойи дуюм ба вилояти Хатлон ва ҷойи сеюм ба вилояти Суғд сазовор дониста шуд.

Дар даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо «Сайри гули лола» роҳбари гурӯҳи корӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва намояндагони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, гулпарварон аз гӯшаву канори мамлакат ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби намояндагони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ, гули лола, намоиши либосҳои рангоранги миллӣ, анвои хӯрокҳои миллӣ, намоиши нонҳои тоҷикӣ, ороиши рангини ҳунармандон пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Баргузории озмун дар эҳёи анъанаҳои ниёгон, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони мамлакат ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Гули лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат мебошад. Парвариши лолаҳои дилрабою гуногунранг дар тамоми гӯшаҳои мамлакат падидаи беназир ва бесобиқаест, ки ба чашм нуру ба дил фараҳ мебахшад. Асосан гули лола ва Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баёнгари ватани наврӯзии тоҷикон буда, рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум маҳсуб мешавад.