(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода ва фаъолон таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар семоҳаи аввали соли 2023 баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолонро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар 3 моҳи аввали соли 2023 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян карда мешаванд.

Сипас, Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар ин давра маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бармеоянд, инчунин супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 368,4 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 123,5 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 99,6 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 900 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Бояд қайд намуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон 20 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 228 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 134 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 172,2 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 8,1 млн. сомонӣ ё 4,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз 151 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 95 намуд ё 62,9 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёда аз 100 фоиз таъмин карда шудааст.

Инчунин номгўи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 17 давлатҳои муштараку манофеъ содирот карда шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маҳсулоти армуғонӣ, маҳсулоти заргарӣ, собуни хоҷагӣ, пойафзоли бачагона ва дигарон мисол шуда метавонанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Азияполитекс” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 4,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба истифода дода шуд. Дар корхона панҷ хатти муосири технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, халтаҳои полипропилении калонҳаҷм бо ғунҷоиши аз 500 килограмм то 3 тонна истеҳсол карда мешавад.

Инчунин фаъолияти корхонаи мазкур ба таври шабонарўзӣ ба роҳ монда шуда, 300 нафар кормандон дар се баст фаъолият менамоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки чораҳои амалишуда ҷиҳати афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд. Барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 20,1 миллион сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Дар стратегияи рушди кишвар афзалияти бештар ба рушди соҳаи энергетика дода шуда, ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ аҳамияти рўзафзун дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 1358 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир, 6 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 17 адад даромадгоҳҳо, 510,0 м2 боми биноҳо ва 233,0 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр якҷоя бо саҳми соҳибкорону аҳолӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 826 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 202,4 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, виола, хризонтема ва 230 ҳазор дона пиёзаки гули лола шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Барои соли 2023-юм ҳамагӣ таъмири 45,1 км роҳҳо аз ҷумла, 26,3 км таъмири асосӣ ва 18,8 км таъмири ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, давоми семоҳаи аввали соли 2023-юм 12,65 км роҳҳо таъмир карда шуданд. Аз ҷумла, 1,85 км таъмири асосӣ ва 10,8 км таъмири ҷорӣ ба иҷро расонида шудааст.

Илова бар ин, 4655,0 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард сафолакпўш карда шуданд.

Фирӯза Нуруллозода дар баромади худ доир ба нишондиҳандаҳои дигар соҳаҳои шаҳрдорӣ низ маълумоти муфассал ироа намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода фаъолияти тамоми сохторҳои шаҳрдориро мавриди таҳлил қарор дода, аз масъулини дахлдор ҷиҳати иҷрои корҳои анҷомшуда ҳисобат талаб намуд.

Ҳамзамон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, иҷрои самараноки нақшаи даромади буҷет дар нимсолаи дуюм, пешгирии ҷинояткорӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолият, ба касбомўзӣ фаро гирифтани бекорон, ба роҳ мондани фаъолияти автобусҳои мусофиркаш, таъмини самараноки хизматрасонии коммуналӣ, бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, тарҳрезии мушаххас ва амалисозии он ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқуллода, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ҷалби сармояи мустақим ва хориҷӣ, сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати хизмати ҳарбӣ, таҳияи лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба иншооти таъиноташ гуногун, таъсиси корхонаи наву муштарак, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, суръатбахшии кор дар сохтмонҳои банақшагирифташуда ва ғайраҳо дастуру супоришҳо дода, муовинони сарпарасти соҳаҳоро барои назорати ҷиддӣ муваззаф намуд.

Дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода баромад намуда, доир ба бурду бохти шаҳрдорӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти шаҳрдориро натиҷагирӣ карда, таъкид дошт, ки рушди бемайлони иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар натиҷаи заҳмати софдилонаи фаъолон ва мардуми шарафманди шаҳрамон таъмин гаштааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар оянда низ ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир хоҳад андешид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд