(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода ва сардори Раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода бо иштироки аҳли сокинони маҳалла ва собиқадорони соҳаи варзиш комплекси варзишии «Раззоқ»-и ба номи Бобоҷон Каримов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки комплекси варзишии навбунёд дар соҳили дарёи Сир бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Маъруф Каримов дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, майдони умумии масоҳати он 1744 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар комплекси варзишии навбунёд майдони футбол, майдонча барои бозии баскетбол ва ҳамзамон дастгоҳҳои истироҳатию фароғатӣ, солимгардонӣ, тавонбахшӣ насб карда шудаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва иқдоми наҷибу созандаи соҳибкори ватанӣ, роҳбари ширкати «Сирдарё» Маъруф Каримов баҳои баланд дода, масъулин ва собиқадорони соҳаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни мулоқот бо аҳли маҳалла, аз ҷумла наврасону ҷавонон гуфт, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯйи кор омада, аз насли ояндасози кишвар даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Шаҳрдор гуфт, ки соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Сипас Фирдавс Шарифзода ба бозии дўстонаи тими наврасон ҳусни оғоз бахшид.

Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Маъруф Каримов ба кулли наврасону ҷавонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд