(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТавре ки иттилоъ дода будем, ҳафтаи сипаригардида дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида ба 145 солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ оғоз гардида, он то 9 апрел бо иштироки адибон, олимон, коршиносони соҳа идома ёфт ва имрўз он натиҷагирӣ карда шуд.

Муаззама Расулова директори китобхона Фестивалро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯз мояи ифтихору хурсандии мост, ки дар вилоят чунин Фестивали бошукӯҳ баргузор мегардад, ки дӯстдорони каломи бадеиро ба худ ҷалб менамояд. Тӯли як ҳафтае, ки замзамаи фестивали китоби бачагон дар вилоят танинандоз буд, наврасону ҷавон баҳри бардоштани ғизои маънавӣ мешитофтанд. Пас метавон бемуҳобот гуфт, ки дар замири кӯдакони тоҷик меҳри китоб азалист.

Дигар иштирокдорони Фестивал низ баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои хешро доир ба сатҳи баргузории он баён доштанд.
Сипас ғолибони озмунҳое, ки дар доираи Фестивал эълон шуда буданд, муаррифӣ гардиданд. Ҳамин тавр: дар номинаи «Иншои беҳтарин” Қурбонова Дилноза, хонандаи синфи 11 МТМУ№10 шаҳри Хуҷанд, Шарифов Тоҳирҷон, хонандаи синфи 9-и литсейи №1-и ноҳияи Зафаробод ва Шарифова Азиза, хонандаи синфи 8-и МТМУ№4-и шаҳри Конибодом мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Сайдалиев Абдуҷалил, хонандаи синфи 10-и МТМУ№10, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар номинаи “Хонандаи фаъолтарин” ғолиб дониста шуд. Дар озмуни “Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд” Неъматов Шералӣ, хонандаи синфи 7 МТМУ№10-и шаҳри Хуҷанд дастболо гардид. Дар озмуни беҳтарин қироати шеър, достон, қасида ва ғазал таҳти унвони “Ҷавҳари ҳастӣ сухан аст” Маҳинаи Шероз, хонандаи синфи 8 МТМУ№13-и ноҳияи Зафаробод, дар озмуни “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” Ортиқова Зиёда, хонандаи синфи 11-и МТМУ№11-и ноҳияи Шаҳристон ғолиб гардида якчанд муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят соҳиби Сипосномаву Ифтихорномаҳо шуданд.

Сипас аз ҷониби толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят ва мактаби санъати шаҳри Хуҷанд дастагули тару тозаи шеъру суруд барои ҳозирин пешкаш карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд