(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа муносибати 30 солагии таъсисёбии Рўзи Қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд бо иштироки генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, Фирдавс Шарифзода Раиси шаҳри Хуҷанд ва афсарону сарбозони ин қисми низомӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Саиднахш Раҳмонзода, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии мамлакат генерал-полковник Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, аз ҷумла таъкид доштанд, ки расидан ба истиқлоли давлатӣ дар таърихи милитсияи Тоҷикистон давраи навро оғоз намуд ва шароит фароҳам овард, ки кормандони ин ниҳод бо дарки масъулият, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ба хотири ҳимояи ин неъмати арзишмандтарини зиндагии давлату миллат, яъне истиқлолу озодӣ вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷой оваранд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ин сохтори бонуфуз, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Зикр шуд, ки Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи ҳаёти осоиштаи мардум назаррас мебошад.
Қӯшунҳои дохилӣ баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар шароити ниҳоят душвору мураккаб ҳамчун аввалин сохтори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.

Дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбиву ҷангӣ нишон доданд.

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳангоми амалиётҳои махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорон ва ба хотири таъмини сулҳу субот дар кишвар садҳо нафар сарбозону афсарони Қӯшунҳои дохилӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки хотираи неки онҳо ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намегардад ва ҷасорату диловарӣ, матонату фидокории чунин фарзандони содиқи Ватан барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун намунаи ибрат хизмат мекунад.

Имрӯз низ ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ вазифаҳои хизмативу ҷангии худро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карда, худро ҳамчун ниҳоди боэътимоди ба мушкиливу душвориҳо тобовар нишон дода истодааст.

Сипас ба якчанд нафар роҳбарон, афсарон ва хизматчиёни Қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон медалу ифтихорномаи ВКД ҶТ ва Сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим кардашуд.

Аз тарафи афсарон ва сарбозони Қӯшунҳои дохилаи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якчанд намуди машқҳои тактикӣ намоиш дода шуд.

Сипас меҳмонон аз шароити хизмат дар қисми низомӣ аз наздик шинос шуданд. Бояд қайд намуд,ки дар қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ифтихори 30 солагии таъсисёбии Рӯзи Қӯшунҳои дохила барои сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан дастархони идона густурда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд