(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакистони №9 азнавсозӣ шуда истодааст, ки аз раванди сохтмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави МТТ №9 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда, дар он баъди истифодабарӣ 400 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ҶДММ "Меъмори муосир" таҳия гардида, пудратчиён ҶДММ "Истиқлол гурӯҳ" ва ҶДММ "Хушофар" мебошанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамсола даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Бо назардошти ин, кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои соҳиби касбу ҳунар гардидани онҳо аз имкониятҳо истифода намоянд.

Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд