(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд сохтмони коргоҳи равғанбарорӣ дар заминаи ҶДММ «Сирдарё» бомаром идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди сохтмони ин корхонаи саноатӣ боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсоли шабонарӯзи ин корхона баъди истифодадиҳӣ 50 тонна равғани офтобпарасту чигит ва 50 тонна кунҷора мебошад.

Дар ин ҷо 70 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз Туркия ва Чехия пешрафтатарин технология оварда, васлу насб карда мешавад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» раванди истеҳсолот асосан аз чанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва банду басти зарфҳои гуногунҳаҷм равған, ки аз як то панҷ литрро дар бар мегирад, иборат буда, маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонида мешавад.

Ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва мониторинги ҳаррӯзаи он дар дохили корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ сохта шуда истодааст, ки дар оянда мутахассисони варзидаи соҳа бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба мутобиқат ва бехатарии маҳсулот ҳамарӯза баҳои воқеӣ медиҳанд.

Роҳбари вилоят ба масъулини ҷамъият ҷиҳати босифат анҷом додани коргоҳ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани он дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд