(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ташкилии корхонаи навтаъсиси ҶДММ “Доро инвест” ошноӣ пайдо карданд. Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ширкати гуногунсоҳаи “Доро инвест” корхонаи коркарди мева ба тариқи хушккунӣ ба роҳ монда мешавад. Интизор меравад, баъди воридоти таҷҳизоти муосир аз хориҷи кишвар корҳои васлкунӣ оғоз мегардад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид, таъкид намуд, ки ин иқдомро саноатчиёни вилоят ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.

Дар ин замина дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳр заминаҳои васеи роҳандозии фаъолият муҳайё карда шудааст ва аз он бояд самаранок истифода намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд