(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳили рости дарёи Сир, кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абўалӣ Исматов маҷмааи хонаи баландошёна, бо чойхона, маркази ташхиси тиббӣ, осоишгоҳ бунёд карда мешавад. Лоиҳакаши иншоот «Бунёдгари Суғдзамин» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Авитсенна” ба анҷом расонида мешавад.

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо лоиҳаи иншоот шинос гардида, ба он санги асос гузоштанд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ин иқдоми соҳибкори ватанӣ Абўалӣ Исматов изҳори сипос намуда, ташкили чунин иншооти сайёҳӣ ва хизматрасониро ба манифати умум ва заминаи муосид барои ташкили ҷойҳои нави корию ҷалби сайёҳои дохилию хориҷӣ унвон намуд.

Ба сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд